ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз233
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1861
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта233
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25480
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1120887

Матбуот – забони халқ

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Бо иштироки олимон, рӯзноманигорон ва эҷодкорони ҷавон дар толори Осорхонаи шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик конферессияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯӣ “Нақши матбуот дар таҷассум ва тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолият” баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Абдуллозода У.Б. номаи табрикотии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазодаро ба самъи ҳозирин расонд ва аз ҷумла зикр дошт: Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди матбуот ва дастгирии рӯзноманигорони собиқадору ҷавон ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфта, дар шаҳри Ҳисор низ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ барои фароҳамии шароит ба аҳли қалам ва ҷалби бештари аҳолӣ ба матбуоти давр корҳои назаррас амалӣ мегардад.

Рӯзноманигорони шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, маҷаллаҳои “Ҳисори Зарнисор” ва “Маорифи Ҳисор” бо дарки масъулият фаъолият намуда, дар тарғибу нашри дастовардҳои сокинони шаҳр, ҳалли муаммоҳои мавҷуда ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ саҳми мунир мегузоранд.”

Баъдан рӯзноманигорон Қурбоннмурод Асоев, Султонмурод Одинаев, Тоҷиддин Пиров, Ҳидоятулло Холов ва дигарон андешаҳои худро оид ба нақшии матбуоти давр дар таҷассум ва тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолият, устувории пояҳои давлатдорӣ, риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ, таъсиси маҳфилҳои эҷодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳа баён доштанд.

Иди касбӣ муборак, рӯзноманигорони арҷманд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru