Ватанро бо ҳунар шуҳратфизоем

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 5
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву сехҳои истеҳсолии шаҳр манзури меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии ҷашнӣ гардид. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боиси ривоҷи истеъдоду касбомӯзии сокинон гардида, аз маҳсули тахаюлот ва эҷоди ҳунармандон метавон дарк намуд, ки сокинони ин шаҳри кӯҳан дорои истеъдоди нодиранд ва метавонанд халқи моро чун халқи соҳибфарҳангу тамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Растаи омодакардаи кишоварзон ва саноатчиён низ мақбули ҳамагон гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru