Хирманат пурбор бод, эй пахтакор

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Имрӯзҳо пахтакорони шаҳри Ҳисор барои оростани хирмани 6800 тоннагии “Тиллои сафед” камари ҳиммат баста, дар саҳроҳои хоҷагиҳо дастҷамъона ҳосили бо заҳмат рӯёнидаи худро ҷамъоварӣ доранд. Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки то санаи 1 октябри соли равон аъзоёни Кооперативи тиҷоратии Латиф Муродов -  69 фоиз, ҶДММ Абдурауф Юсупов – 53 фоиз, ҶДММ “50 солагии Октябр” – 46 фоиз ва ҶДММ “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон - 1” ба миқдори 40 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки аз ҳисоби миёнаи шаҳр зиёдтар аст.

Бояд тазаккур дод, ки пахтакорони шаҳр агар соли 2016 дар майдони 225 гектар ва дар соли соли 2017 дар майдони 1001 гектар пахта кишт  карда бошанд, соли ҷорӣ саҳрои пахтазори шаҳр ба майдони 2714 гектар доман паҳн карда, ҳосили хуб низ рӯидааст.

Аз ҳамаи шаҳрвандон ва аъзоёни хоҷагиҳои пахтакор даъват бар он дорем, ки аз ҳавои мусоид судманд истифода бурда, ҳамдаму дастгирӣ марди деҳқон бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru