Иди зафар муборак

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 5
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти пахта соли ҷорӣ пахтакорони шаҳри Ҳисор дар майдони 2714 га   пунбадона кишт намуда, азми он доранд, ки хирмани 6000 тоннагии тиллои сафедро дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ҷамъоварӣ намоянд.

Дар ҷамъбасти 20 - рӯзи аввали ҷамъоварии пахта, ки дар майдони назди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода суханронӣ намуда, баёни он дошт:

«Ман бо камоли ифтихор деҳқонони номдору ҳамеша пешсаф ва ғолибони бистрӯзаи чиниши пахта – пахтакорони кооперативи тиҷоратии Латиф Муродовро барои ғолибият дар мусобиқаи ҷамъоварии пахта табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар роҳи саҳми амиқ гузоштан дар амалишавии сиёсати кишоварзии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум азму иродаи комил, муваффақиятҳои шоиста ва фаровонии хирману баракати рӯзгорашонро таманно менамоям.

Аҳсант ба диловарони саҳро, пахтакорони музаффари кооперативи тиҷоратии Латиф Муродов!

Дар бунёди хирмани пурфайзу бобаракати тиллои сафеди шаҳр саҳми кишоварзони хоҷагиҳои пахтакори Кооперативи тиҷоратии Латиф Муродов, роҳбараш Солиҳов Баҳриддин ҷои аввалро дар сатҳи шаҳр ишғол намуда, аҳли заҳмати кооператив дар майдони 420 гектар пунбадона кишт намуда, ҷамъоварии ҳосилро то имрӯз ба миқдори 73 фоизи наша иҷро намуданд ва азми он доранд, ки то ҷамъбасти маъракаи ҷамъоварии пахта ҳосилнокиро ба 35-40 сентнар расонанд.

Ҳамчунин аъзоёни хоҷагиҳои Ҷамъияти дорои масълулияташ маҳдуди Абдурауф Юсупов ва 50-солагии Октябр низ тавонистанд дар қиёс бо дигар хоҷагиҳои пахтакор ҳосили бештар ҷамъоварӣ намоянд».

Бояд тазаккур дод, ки ба шарафи ғолибон Парчами ғолибият барафрохта шуда, хоҷагиҳои пешсаф ва раисони аъзоёни хоҷагиҳои номдор бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба маблағи аз се то як зазор сомони қадршиносӣ шудаанд.

Раиси шаҳр аз аъзоёни хоҷагиҳо, пирони барнодил ва чинакчиёни номдор даъват бар он дошт,  ки дар ин рӯзҳои мусоиди обу ҳаво вақтро ғанимат дониста, барои ҳар чӣ тезтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқон набояд талаф ёбад ва онро то пағаи охирин ҷамъоварӣ бояд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru