Рӯзи омӯзгор муборак

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 8
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Шуморо бо фарорасии  Иди касбиатон – Рӯзи омӯзгорон аз сидқи дил табрику муборакбод намуда, дар симои ҳар яки Шумо, ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод, дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи хеш, дар амри соҳибмаърифату соҳибкасб, рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанхоҳӣ тарбия ва ба камол расонидани насли наврас, муваффақиятҳои беназир таманно менамоям - иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Боиси ифтихор аст, ки иди касбии шумо имсол тавъам бо Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва чун забон рамзи ҳастии миллат ва рукни давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад табрик ва таҳният мегӯям ва барои ҳаряки шумо олами маънавӣ ва ҳастии  фарҳангомезу пур аз нишотро орзу менамоям.

Забон ва омӯзгор дар як ҷойгаҳи муқаддаси таърихӣ қарор доранд ва ҳанӯз дар рӯзгори худ Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ  мақом ва ҷойгоҳи омўзгор дар ҷомеа чароғи маърифат нуру эҳёи миллат дониста, бехизмати ӯ аз бехирадон тира шудани рӯзгорро ҳушдор додаст.

Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Дар давоми солҳои 1992–2017 ва  9 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои шаҳр беш аз 29 муассисаҳои таҳсилотӣ, зиёда аз  88 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ сохтмони як мактаб барои 640 ҷои нишаст дар  маҳаллаи навбунёди Ҷамоати шаҳраки Шарора сохта ба истифода дода шуд, ки бо ашё ва лавозимоти хониш пурра таъмин аст.

Иловатан бар ин дар асоси нақшаи чорабинҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бунёди 7 муассисаи таълимӣ дар назар аст.

Иловатан бар ин  барои таъмири муассисаҳои таълимӣ соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1 миллиону 164 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи имкониятҳои молиявӣ ҳамеша омодааст соҳаи маорифро дастгирӣ намояд.

Омўзгорон воқеан рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чанд нафар аз собиқадорони соҳа, олимон ва зиёиёне, ки берун аз шаҳри Ҳисор фаъолияти омӯзгорӣ доранд ва устодону омӯзгорони пешқадам бо Сипоснома ва  тӯҳфаҳои молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносу шуданд.

Баъдан барномаи консертӣ манзури аҳли толор гардиҷд, ки фарогири суруду оҳанг ва шеъру саҳнаҳо оид ба шинохти забони модарӣ ва муқаддасии мақоми омӯзгор буд.

Рӯзи забон ва иди касбии омӯзгорон муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru