Барогузории Рӯзи қабул дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Танҳо бо ваҳдату якдилӣ, дӯстдории маҳал, эҳтироми манзили аҷдодӣ, бетараф набудан нисбати тақдири имрӯзу фардои ҷомеа мо метавонем рушди сифатноки ҳамаи самтҳои давлатдориро таъмин ва шаҳри Ҳисорро ба як минтақаи пешрафт ва шукуфон табдил диҳем-иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Рӯзи қабули шаҳрвандон тарқи “Равзанаи ягона” 1 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид ва 18 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд ва масъулони соҳаҳо вазифадор гардиданд, ки ҳар як муроҷиатро дар мӯҳлати муқарраргардида таҳлил ва баррасӣ намуда, ба муроҷиаткунанда аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасида ахбори хаттӣ ирсол намоянд.

Қисми зиёди муроҷиатҳо ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,   вобастакунӣ, оид ба иҷозати сохтмон, ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва вобаста ба дигар масъалаҳоро ташкил медиҳад.

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо фаъолон, аҳли зиё ва кормандони дастгоҳи ҷамоат мулоқот баргузор намуда, вазъи иҷроиши қарору қонун, барномаҳои давлатӣ, нақша-чорабиниҳо ва дигар асноди ҳуқуқиро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати таъмини рушди босубот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,  бунёди сехҳои дӯзандагӣ, коркарди меваю ангур, таъмиру тармими роҳҳо, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, таъмини нақшаи андоз, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ,  пешгирии  ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълим, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва иҷрои қарзи фарзандии ҳар як фард, тарбияи  маънавию ҳуқуқии ҷавонон, омодагии онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани чорабиниҳои Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дустуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди ҷамоат мавсими ҷамъоварии мева ва ангур идома дошта, то имрӯз ба миқдори зиёда 1100 тонна мева ва 8100 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосили ҷамъоваришуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 569 тонна мева ва 1845 тонна ангур зиёд мебошад.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи “Равзанаи ягона” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru