Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, муборак.

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузург дар замони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон дар он эълон шудаст.

Дар таърихи начандон тӯлонии амали Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамаи он пешрафту дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз бо ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва дар мақоми худ Тоҷикистон низ дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмиллалӣ нақши устувор ва назаррас дорад - зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар чорабинии ҷашнӣ, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти қудратӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, аҳли зиё ва фаъолони шаҳр дар Қасри фарҳанг баргузор гардид.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муайянкунандаи тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа дар худ вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандон, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, муносибатҳои муштараки зинаҳои ҳокимият, ташкили фаъолият ва ҳудуди ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкили идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, низоми ҳокимияти судӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд, ки маҳаки асосии амали онро эътирофи ҳуқуқи инсон дарбар мегирад.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар иктифои сухан сокинони шаҳри Ҳисорро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, устувории ваҳдати миллӣ, осмони софу бещубор, зиндагии фаровон аз неъмат ва оромии ҷомеаро таманно дошт.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр аз ҷониби аҳли ҳузур хуб пазироӣ шуд ва чанде аз фаъолони шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru