ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1171
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2479
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3650
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта12980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32633
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1071283

Саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳу субот

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Донишманд ва файласуфи бузурги англис Френсис Бэкон гуфтааст, ки «Се чиз миллатро бузург ва фараҳманд месозад; хоки ҳосилхез, саноати фаъол ва ҳаракати озоди одамон ва мол». Олими дигар Сервантес чунин қайд карда буд, ки сарвари оқилу доно, таърихи куҳани миллӣ ва сулҳу субот миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад.

Дарки ҳамин гуфтаҳо, кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, ободӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани Тоҷикистон равона гардидааст. Аз Табаронӣ, Байҳақӣ ва Суютӣ ривоятҳое ҳастанд, ки Расули Акрам (с.а.в) мефармояд: “Подшоҳи одил дар рӯи замин, сояи Худованд аст. Ҳар касе, ки чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст».

Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихи муосир ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқуии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд.

Чӣ тавре, ки таърих гувоҳӣ медиҳад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти басо хатарнок ба уҳда гирифта буданд. Чунки ҳамон солҳои вазнин, вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта муқобили ҳамдигар қиём менамуданд, касе роҳбарии кишвар ва бори сангини мардуми тоҷикро ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ба зимма нагирифт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз ва барои таърих фаромӯшнашаванда, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Иҷлосияи XVI-Шӯрои олии Љумњурии Тољикистон Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва Худованду мардуми тоҷик шоҳиданд, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ вафо намуданд.

Дар ин радиф Сарвари давлат чунин гуфта буданд, ки «Ман ба раҳми парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам боварӣ доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».

Агар ба ақидаҳои Франсис Бекон аҳамият диҳем, пас маълум хоҳад шуд, ки сиёсати Президенти кишвар дар даврони Истиқлолият баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон ва таъмини ҳаракати озодии одамон ва мол ҳадафи стратегӣ барои миллати тоҷик ва аҳамияти байналмилалӣ дошта, на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ шароити мусоидро барои гардиши мол ва вусъати тиҷорат ба вуҷуд овард. Дар ин самт Сарвари давлат ҳанӯз аз давраҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти дипломатиро оѓоз карда буданд. Баъд аз истиқрори сулҳ то инҷониб ин фаъолият хеле васеътар ва пурсамартар гардида истодааст. Чунин самти фаъолияти Сарвари давлат аз вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани сиёсати дохилии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дигар самти фаъолияти Пешвои миллат, ки дар тули 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расид, ин ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бунёдгузори давлати миллӣ, низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил доданд.

Тасдиқи гуфтаҳои боло, ин дар даврони 27 соли Истиқлолияти кишвари азизамон, қабул намудани Конститутсияи кишвар, 15-ќонунҳои конститутсионӣ, 21-Кодексҳо, 16-Қонуни авф, 22-Қонуни буҷет, 20 - Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, 4-Санади ҳамкории иқтисодии Авруосиё, 30-Санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба (аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои иттифоқ аввалин шуда соли 1998 санади байналмилалии суди ҷиноятии байналмилалиро қабул кард, ки он аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 ратификатсия карда шуд), 350 - Қонунҳои соҳавӣ ва зиёда аз 18- ҳазор Қарорҳои ҳукумат мебошад.

Ин ҳама комёбиҳо аз заҳмати тулонии Сарвари давлат дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд. Агар мо, дар бораи фаъолияти ҳама самтҳои фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронем, ҳафтаҳо, моҳҳо, ва солҳо кам аст.Барои ҳамин ҳам, яке аз саҳмҳои асосӣ ва таърихии Сарвари давлат дар даврони истиқлолият аз он иборат буд, ки:

1. Миллатро аз нобудшавӣ наҷот доданд;

2. Ба ҷанги шаҳрвандии хонамонсӯз хотима бахшиданд;

3. Сулҳу субот, оромиро барқарор намуданд;

4. Гурезагонро ба Ватан баргардониданд;

5. Тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд;

6. Сиёсати дохилии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд;

7. Кишварро ободтару зеботар гардониданд;

8. Мутахассисони барҷастаро тайёр намуданд;

9. Ѓами халқу миллатро хурданд.

Ҳамаи суханҳои дар боло гуфташуда дар ҳаққи Сарвари давлат-саҳифаҳои таърихӣ буда, ӯ бошад Асосгузори сулҳ, бунёдгузори давлати миллӣ, наҷотдиҳанда ва муттаҳидкунандаи миллати тоҷик ва Пешвои миллат мебошанд. Ба он натиҷаҳое, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони 27- соли Истиқлолият ноил гардиданд, дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин буда, аз заҳматҳои пай дар пайи пурмашақати ӯ шаҳодат медиҳанд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ байни тоҷикон буда, арзандаи Пешвои миллат аст, ки чунин иқдомро кулли мардуми Тоҷикистон эътироф намудаанд.Мардуми тоҷик аз хизматҳои тулонии Пешвои миллат миннатдор буда, ӯро дӯст медоранд ва ҳидоятҳояшро ҳамарӯза сармашқи кори худ карда, ояндаи худро мехоҳанд таҳти роҳбарии Эмомалї Раҳмон бисозанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru