ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз741
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6704
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46576
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1011269

Ҳамдамӣ бо халқ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Қонеъгардонии ниёзҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дархосту муроҷиати шаҳрвандон аз самти муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр маҳсуб ёфта, тибқи нақшаи тасдиқгардида санаи 16 августи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода аз ҷониби раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягон» баргузор гардид.

Ба раиси шаҳр шаҳрвандон асосан ҷиҳати таъмин гардидан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳу муассисаҳои таълимию табобатӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва баҳсҳои оилавӣ муроҷиат карданд. Масъулон вазифадор шуданд дар муҳлати муқарраргардида муроҷиати шаҳрвандонро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода, дар иҷрои вазифа бештар масъулиятшинос бошанд.

Сокинони ҷамоат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмир ва тармими якчанд иншооти ҳаётан муҳимро ба нақша гирифтаанд ва барои вусъати корҳо раиси шаҳр дастур дод, ки ҳар иншоот бояд бо сифат ва тибқи нишондоди қонунҳои ҷорӣ бунёд карда шавад.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru