Ҷамъбасти фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият дар соли 2018 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба ва бахшҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳо, идора ва ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбор баргузор гардид.

«Оид ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» муовини Раиси шаҳр  маърӯза намуд. Баъдан муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим андешаҳои худро ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолият, саноатикунонии шаҳр ва иҷрои ӯҳдадорию нақшаҳои соҳавии шаҳр баён намуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии ҷамъбастии худ, аз ҷумла зикри он дошт:

“Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки воқеан дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият идроку қудрат, истеъдоду малака ва ҷаҳду талоши созандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташрифу боздиди сайёҳони хориҷивӣ ватанӣ дар Ватани азизамон ҳукмрон буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ва иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ аз фаъолияти устувори тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дарак медиҳад...

Талаби замон он аст, ки мо садоқати хешро ба халқу ватан на бо сухан, балки бо меҳнати фидокорона, дасту дилу нияти пок собит намуда, барои таъмини фардои беҳтар аз имрӯзи Ватан кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди минбаъдаи соҳаҳо иҷрои тадбирҳои зеринро муҳим арзёбӣ кард: Амалигардонии ҳадафи муҳими умумимиллӣ-саноатикунонии мамлакат барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯбуда ва истифодабарии иқтидорҳои бозистода,  тақвияти истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои ҳудуди шаҳр, азнавтаҷҳизонии корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, хусусан коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат махсусан таъкид гардид, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар,  муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии шаҳр, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, корхонаҳо, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастрасии қарзҳо бо фоизҳои қонеъкунандаи  қудрати соҳибкорону шаҳрвандон, махсусан дар самти иншоотҳои ҷашнӣ, дарёфт намудани манбаъҳои иловагии хизматрасонии қарзи беруна, ҷалби маблағҳои грантӣ ва саромоягузории хориҷӣ, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгири намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав инчунин баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, суръатбахшии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ба кор даровардани корхонаҳои нав бо технологияиҳои муосир, диверсификатсияи истеҳсолот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои кории нав, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети шаҳрӣ,   иҷрои самтҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2018-2022” бо мақсади инкишофи минбаъдаи нерӯи содиротӣ, ташкили механизмҳои самарабахши ҳамкориҳои муштарак бо сармоягузорон ва шарикони  рушд, самаранок ва мақсаднок истифодабарии амволи давлатӣ, ҳамчунин ба кор андохтани иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳои хусусигардонидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии шаҳр, таъмини талаботи аҳолӣ бо шир, маҳсулоти ширӣ, тухм ва гӯшти паранда, рушди соҳаи асппарварӣ, омодагии хоҷагиҳои кишоварзӣ, техника ва таҷҳизоти он ба  кишти баҳорӣ, таъмини иҷрои Барномаи сохтмон, барқарорсозию таъмири муассисаҳои маориф, махсусан иншоотҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагие, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозӣ мешаванд, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ба талабот мутобиқ сохтани фаъолияти кӯдакистонҳои амалкунанда,   пешгирии хушунат дар оила, бунёди оилаҳои намунавию устувор, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пурзӯр намудани базаи моддӣ-техникии соњаи тандурустӣ бо таҷҳизотҳои муосири ҳозиразамон ва ворид намудани усулњои нави ташхис, табобат  ва хизматрасонии тиббӣ,  баланд бардоштани савияи дониши табибон ва таъмин намудани муассисањои тиббӣ бо мутахассисони баландихтисос, пешгирии ҳолатҳои тамаъҷӯӣ дар байни табибон, дуруст ба роҳ мондан ва назорати хизматрасонии кӯмаки аввалия, пешгирии истифодаи доруҳои пастсифат ва дигар масоили мавҷуда, ки таъмини рушди босубот ва пешрафти фаъолият мусоидат менамояд.

Фаъолони шаҳр дар маърӯзаву муҳокимаҳои худ андешаҳои худро баён намуда, баёни он доштанд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, барои таъмини зиндагии аҳли ҷомеа дучанд кору фаъолият хоҳанд кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru