ДИҚҚАТ ОЗМУН!

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, 1 воҳиди корӣ

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Шарора 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Шарора 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки Шарора, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳисор, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар (кор бо занон ва ҷавонон)-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сомон 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сомон, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 воҳиди корӣ,

Мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо 1 воҳиди корӣ,

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, 1 воҳиди корӣ,

Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ориён, 1 воҳиди корӣ,


Озмун даҳаи сеюми моҳи январи соли 2019 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

(8-31-39) 26-3-00,  25-3 – 61


ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ

барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот


1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- маоши мансабӣ (дар мақомот/дар ҷамоат) 984/894 сомонӣ


2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- маоши мансабӣ (дар мақомот/дар ҷамоат) 804/732 сомонӣ


3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- маоши мансабӣ (дар мақомот/дар ҷамоат) 660/600 сомонӣ


Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:

1. Варақаи шахсӣ

2. Тарҷумаи ҳол

3. Нусхаи шиноснома

4. Нусхаи диплом

5. Маълумотнома тиббӣ (Ф-86)

6. Расм 3х4  4 дона

7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

8. Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

9. Нусхаи билети ҳарбӣ

10. Маълумотномаи надоштани доғи судӣ

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru