ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2274
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14385
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52686
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017379

Ёде аз Точиддин Муҳиддин

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Суруду таронаҳои эҷодкардаи шодравон Тоҷиддин Муҳиддин ҳанӯз ҳам ҳар субҳу шом дар хонадони тоҷик садо дода, ному пайкор ва шуҳрати касбии ӯро зинда медорад. Таронаҳои сурудаи ӯ бо номи «Эй санам», «Дар кӯи бутон», «Оқил бишав эй дил», «Боди сабо». «Ай гунаҳкарда», «Мерави афсона шуда меравц», «Ошиқи рӯят ман» ва щайраҳо ҳарчанд аз ҷониби шогирдону ҳунармандони касбӣ ба такрор иҷро шуда бошад, ҳам касе натавонистааст, чун шодравон Тоҷиддин Муҳиддин бо овози марғуладор ва бо дарду шевани таъсирбахш суруда бошад ва ҳамин истеъдоди худодод боиси он гаштааст, ки дӯстдорони санъати эстрадӣ ба суруду оҳангҳои офарида ва осори боқигузоштаи ин абармармарди миллат эьтироми ҷовидона доранд.

Бо дастгирию ҳидояти раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода санаи 2 феврал бахшида ба 70-солагии устоди зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддин чорабинии фарьангӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли зиё, хешону пайвандон, муйсафедону дӯстдорони санъати эстрада ширкат варзиданд.

Ҳунарнамоии гулдухтарони ансамбли рақсии «Зебо», иштирок ва иҷрои сурудҳои нотакрори шодравон Тоҷиддин Муҳиддин аз ҷониби ҳамкорону шогирдон – устодони санъат Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Парвиз Пулодӣ, Убайдуллои Каромат, Алишери Сайфиддин, Шамшод Тоҷиддин, Одилҷон Шарипов ва нафарони дигар бори дигар исбот намуд, ки ҳунари асил намиранда аст ва зиҳӣ Тоҷиддин Муҳиддин, ки дар умри кӯтоҳи худ тавонист дар дилу дидаи мардум хонае аз меҳру вафо бунёд намояд.

Ёдаш ба хайр бод.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru