Рӯзи ҳомиёни Ватан фархунда бод

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 5
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, афсарону аскарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, кормандони сохторҳои қудратӣ ва аҳли зиёю ҷамоатчигӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳр дар суханронии худ бо ифтихор аз пойдории сиёсати сулҳҷӯёна ва пойбарҷои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои сулҳу оромӣ ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон санаи мубораки таърихӣ – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳомиёни бонангу номус ва далеру шуҷоъи Ватан самимона табрику муборакбод намуда, дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини ҳаёти осоишта, пойдории ваҳдати миллӣ ва пиёдасозии накӯтарин ормонҳои давлатдорӣ барояшон барору комёбиҳо таманно намуд.

«Сокинони шаҳр ба хубӣ огоҳанд, ки санаи 23 феврали соли 1993 бо қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ ботантана ҷашн гирифта шуда, ин рӯз дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат зикр намудаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.”

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода аз таърихи таъсис ва роҳи тайкардаи Артиши миллӣ ёдрас шуда, дар идомаи суханронии худ зикри он дошт:

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати шуморо ба он ҷалб намоям ин дар шаҳр эълон гардидани озмуни шаҳрии «Беҳтарин маҳалли аҳолинишин» ва дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба як маъракаи муҳими умумихалқӣ табдил ёфта, дар қаламрави шаҳр корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад.

Дар асоси нақша чорабинии ҷашнӣ мо бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 613 иншшотро ба нақша гирифта, 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифта дар арафаи иди Наврӯз ифтитоҳи чанд иншооти дигар низ дар назар аст. Бо иҷрои ин амал мо метавонем шаҳри Ҳисорро ба як минтақаи пешрафт, саноатӣ ва дорои иқтисодиёти устувор табдил диҳем.

Имрӯз бо эътимод метавон гуфт, ки рафти корҳои ободкорию созандагӣ дар ҳамаи маҳалаву деҳаҳо қонеъкунанда буда, ба шахсони саховатманду эҳсонкор, хайрхоҳу соҳибкор барои иҷрои чунин амалҳои хайру савоб изҳори эҳтиром намуда, даъват бар он дорам, ки мо бояд барои сазовор шудан ба боварию эътиқод ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро дучанд ба роҳ монем ва аз хонаву дари худ сар карда, дар ободии кӯчаву хиёбон, маҳалли зист, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва пиёдасозии чорумин ормони давлатдориамон саноатикунонии мамлкат бештар саҳмгузор бошем. Ман ба щайрату ҷасорат ва орияти диёрдории сокинони шаҳрамон эътимоди комил дорам ва имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба диёри худ бо чашми дил нигоҳ намоем, ин сарзамини муқаддасро на бо забон, балки бо дилу ҳастии ҷон дӯст дорем, барои шукуфоию пешрафти он пайваста кору фаъолият намоем ва дар иҷрои ин амал афсарону сарбозон, кормандони сохторҳои қудратӣ ва мустафъиён низ бояд саҳмгузор бошанд.

Бо чунин эътимоду боварӣ афсарону аскарон ва Шумо ҳозирини гиромиро ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу ваҳдати пойдор, оромии ҷомеа, сарбаландӣ, фатҳи қуллаҳои меҳнатӣ ва дар ҷодаи фаъолияти зафару нусрати беназирро таманно дорам.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru