ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз624
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6587
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46459
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1011152

Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Ориён

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 7
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Ҷамоати деҳоти Ориён дар қисми ҷанубу ғарбии шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, аҳолии ин минтақа асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Шумораи аҳолӣ 10 ҳазору 126 нафар буда, аз он 5 ҳазору 55 нафарро мардон ва 5 ҳазору 71 нафарро занон ташкил медиҳанд. Масоҳати замини кишоварзии ҷамоат 2 ҳазору 723 гектар буда аз он 541 гектар замини корами обӣ маҳсуб меёбад. Кишоварзони ҷамоат дар 144 гектар боғ, 75 гектар токзор бунёд намуда, замини кишти пахта 240 гектар фарогир буда 64 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 хоҷагии ёрирасон ба қайд гирифта шудааст.

Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон, ки тариқи «Равзанаи ягона» баргузор гардид 20 нафар шаҳрвандон оид масъалаҳои таъмин гардидан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳ, ивази симчӯб, бунёди муассисаҳои таълимию тиббӣ, ҳуҷҷатгузории иншоот ва дигар масъалаҳои мавҷуда муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ба дастгоҳи раиси ҷамоат ва шахсони масъулро вазифадор намуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат муроҷиати шаҳрвандонро қонеъ ва барои таъмини зиндагии шоистаа аҳолӣ бештар масъулиятшинос бошанд.

Баъдан Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии назди муасссисаҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва парвариши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, бо аҳолии деҳаву аъзоёни хоҷагиҳо мулоқоти судманд баргузор намуд. Сокинони ҷамоат ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми он доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ таҷлил намоянд.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru