ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз574
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6537
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ46409
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1011102

Иди Зафар муборак!

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

9 – май, ки онро мо чун Рӯзи Ғалаба ҷашн мегирем, дар таърих ҳамчун рӯзи ёдбуди қурбониёни ҷанг, рӯзи мубориза алайҳи фашизм ва намунаи қаҳрамонии бемисли халқ то абад боқӣ хоҳад монд. Бахшида ба ин санаи фархунда дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии идона бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷановарони башардӯст, аҳли зиё ва донишҷӯёни шаҳр баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ҷула зикри он он дошт:

Ҳар қадар ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар равшантар гардида, сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амният, ваҳдату якпорчагӣ, хираду маърифати оламгир, сиёсати созандаю бунёдкоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диловарию қаҳрамонии мардони далери Тоҷикистон, абармадони шаҳри Ҳисорро дар майдонҳои ҷанг ва меҳнати шуҷоатмандонаи мардуми кишварро дар ақибгоҳ бо некӣ ёд мекунанд ва сарбаландона корнамоиҳои аҷдодони бонангу далери худро тарғиб намуда, онро чун мактаби бузурги таҷриба дар роҳи ватандорию меҳанпарастӣ истифода менамоянд.

Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки бо ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшидаанд, чун корномаҳои аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад.

Қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки дар назди қаҳрамонони миллати худ сари таъзим фуруд орем, онҳоро азизу арҷманд дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррӯзаи ҷавонон ва дар ин замина  ба манфиати Ватани маҳбубамон намунаи ибрат қарор диҳем.

Ба самъи шумо мерасонам ки ҳоло дар қаламрави шаҳри Ҳисор шумораи собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4 нафар буда, онҳо пурра таҳти ғамхории давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Маҳз корнамоиву далерии ҷанговарони шуҷоъ ва башардӯст моро ба чунин рӯзҳои саиду фаровон аз неъмат, орому осоишта ва шукуфону шаҳдомез насиб гардонид ва имрӯз чун дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон дар қаламрави шаҳри Ҳисор низ бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  таърихи навини давлатдориамон  корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза ёфта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд ва боварии комил дорам, ки фардои кишвари соҳибистиқлоли мо пурнуру дурахшон буда, орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ амалӣ мегарданд.

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, чернобилчиён ва сокинони шаҳри Ҳисорро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, ба рояшон тансиҳатӣ, умри бардавом, хотири ҷамъ, давлати пирӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Барномаи консертии аҳли фарҳанг, ки аз шеъру тарона, саҳнаҳои театрикунонидашуда ва оҳангҳои дӯстдории ватан буд аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки рӯзе қабл раиси шаҳр дар ҳамроҳи бо намояндагони Хукумати мамлакат  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуда, барояшон маблағҳои пулӣ ва номаи Табрикотии Пешвои муаззами миллатро дастрас намуданд.

Иди Зафар муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru