Шаҳри ҷавону ҷавониҳо….

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз ҳашари шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар кӯчаҳои марказӣ баргузор гардид. Дар ҳамроҳӣ бо раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони соҳаҳои қудратӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода низ дар ин чорабинӣ иштирок дошт. Ҳашарчиён беш аз 70 бех ниҳоли арча шинониданд, ки он ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намуда, ҷиҳати таъмини фазои тоза ва ҳамешасабзи шаҳр аҳамияти азим дорад.

Чунин корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар дигар манотиқи шаҳр низ бовусъат идома дошта, сокинон азми он доранд, ки дар Соли ҷавонон шаҳри кӯҳантаъриху тозабунёди Ҳисорро бештар ҷавонтару дилрабо гардонанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru