Хизмат ба Ватан- нишони садоқат

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

 

Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод яке аз аввалинҳо шуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон худро номнавис карда, барои адои он ҳозир шуданд. Бахшида ба сафарбаркунии ҷавонон дар назди бинои ҷамоат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Комиссариати ҳарбӣ, ҷамоат, падару модарон, омӯзгорон ва имомхатибони масоҷиди ҳудуди ҷамоат ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ доир шуд, ки наваскарон ва падару модарон хизмат дар Артиши миллӣ ва ҳимои марзу буми Ватанро қарзи фарзандӣ ва амри виҷдон дониста, аз фазои орому осуда ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон шукргузор буданд.

Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки ҷавонони рӯз воқеан дӯстдор ва ҳомии содиқи ин марзу буми биҳиштдомонанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru