ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз664
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1832
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12174
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11369
mod_vvisit_counterҲамин моҳ42197
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70933
mod_vvisit_counterҲамагӣ1414569

ТАБРИКИ Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли нави 2020

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар китоби таърихи навини давлатдории сокинони шаҳри Ҳисор соли 2019 чун соли таъмини рушди бомароми иқтисодӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият номнавис хоҳад шуд.

Дар соле, ки моро падруд мегӯяд, сокинони шаҳр дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву ояндабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, мавриди истифода қарор гирифтани якчанд иншоотҳои муҳим, иҷрои Низомномаи озмуни шаҳрии «Беҳтарин маҳали аҳолинишин», бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ, корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, пулу мумфаршкунии роҳҳо ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ симои шаҳру деҳотро куллан дигаргун намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро метавон самараи шинохти муқаддасии Истиқлолияти Тоҷикистон, пойдории Ваҳдати миллӣ ва эътиқоди сокинони шаҳр ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Боиси ифтихор он аст, ки мо соли 2019-ро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ гусел мекунему соли нави мелодии 2020-ро бо эътиқод ба рӯзи фардои саршор аз фараҳ, идомабахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ ва музаффарияту нусрат дар ҳама самтҳои фаъолият пешвоз мегирем.

Итминони комил дорам, соли 2020 барои мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку музаффариятҳои меҳнатӣ хоҳад шуд. Дар ин соли некқадам, аҳли ҷомеа бештару беҳтар ба тарғиби тамаддуни миллӣ, устувории ваҳдату дӯстии халқҳои кишвар, вусъати корҳои созандагӣ, фарҳанги диёрдорӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ машғул гардида, шаҳри Ҳисорро бештар ба як минтақаи пешрафту соҳибрушд табдил хоҳанд дод.


Бо чунин таманниёти нек сокинони шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод гуфта, барояшон саодати рӯзгор, омади кор, дастархони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназири меҳнатиро таманно дорам.

Соли нави мелодӣ хуҷаста бод, ҳамшаҳриёни азаз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru