ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз10
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2839
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2849
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта30211
mod_vvisit_counterҲамин моҳ21066
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта98440
mod_vvisit_counterҲамагӣ1554540

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар соли 2019 хуб арзёбӣ гардид.

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор  дар соли 2019   баргузор гардид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ба кори маҷлис оғоз бахшид ва баъдан муовини якуми раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар соли 2019 маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зики он дошт: Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 178,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷойи 128,1 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 128,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 407,4 ҳазор  сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  ба маблағи 20,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар  соли 2019 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 48,1 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 5,1 фоиз 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад

Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти шаҳр  дар соли 2019 ба маблағи 142,7 миллион сомонӣ сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин даври соли 2018 суръати афзоиш 165,1 фоизро ташкил дода,  ба соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр  равона карда шуд.

Дар натиҷа рушди босуръати соҳа таъмин гардида, саҳми он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулот  тадриҷан зиёд шуда истодааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот дар соли 2019 ба 240,5 миллион сомонӣ расонида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 9,0 фоизро ташкил дод.

Дар соли 2019 ба истифода додани 8 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо  таъсиси 182 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар соли 2019 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 41,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 55,4 миллион сомонӣ иҷро гардид. Илова бар ин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 35,1 миллион сомонӣ иҷро гардид. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 17,2 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта дар сатҳи 106,9 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ин радиф сохтмони 55  синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва асосии шаҳр  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар шаҳр бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 767 иншоот пешбинӣ гардида, 204 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 675,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 106,9 фоиз таъмин гардид.

Дар “Барномаи  мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор”  дар соли 2019 чорабиниҳо баҳри ба шуғли муносиб фарогирифтани аҳолии корҷуй чорабиниҳои шаҳри мушаххас андешида шудаанд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои мақомоти дахлдори давлатӣ Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр бархўрдор гашта, аз онҳо қариб якуним ҳазор нафар ба шуғлӣ гуногун мусоидат гирифтаанд.

Дар шаҳр 4515 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ ва кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ пардохт мешавад. Дар даври ҳисоботӣ ба 4515 оила ба маблағи 1 миллиону 534 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт шудааст.

Дар соли 2019 дар шаҳр  ҳамагӣ 3024 тӯю маърака, аз ҷумла 2717 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардидаанд. Хароҷоти умумии баргузории маъракаҳо дар соли 2019, 21,4 миллион сомониро ташкил дода, хароҷоти миёнаи ҳар як маърака ба 7076 сомонӣ баробар шудааст.

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 180 нафар писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 143 маърака, инчунин тӯйи домодию арӯсии 10 ҷуфт навхонадор дар 3 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳр  ҳар ҳафта 2 маротиба  рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои онҳо ҳаллу фасл мегарданд. Дар маҷмуъ 93 маротиба дар дастгоҳи Раиси шаҳр ва 12 маротиба дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба таври сайёр қабули шаҳрвандон баргузор карда шуд.

Сипас аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим суханронӣ намуда, аз ҷониби ӯ ва Раиси шаҳр пурсиши шахсони дахлдор сурат гирифт.

Дар хотима шаҳрдори Ҳисор нақшаҳои фаъолиятро дар соли 2020 баён намуда, дар назди масъулон барои пешрафти фаъолият, ислоҳи камбудиҳои зикршуда ва пиёдасозии олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru