ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз782
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2704
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17928
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20901
mod_vvisit_counterҲамин моҳ60641
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50416
mod_vvisit_counterҲамагӣ1651639

Ба мавсими сармо омода бошем

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовинони Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат 15 декабри соли равон оид ба рушди фаъолият ва мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, бахусус,  сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, омодагии корхонаву ташкилот ба мавсими зимистон, ташкили нуқтаҳои фурўши ангишт дар маҳалҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шудааст, манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид.

Муовинони Сарвазир мамлакат арзи сипоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони шаҳр ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд. Сипас, аз нигарониҳои Президенти кишвар оид ба душвор омадани зимистони соли 2021 ва таъсири бўҳрони иқтисодии ҷаҳон, тағйири иқлим ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, паёмадҳои нохуши он дар дастрасӣ ба маводи хўрока, ки дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар ироа гардидааст, изҳори андеша намуда, аз фаъолони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамин замина корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум тақвият бахшанд.

Матлубахон Сатториён аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба аҳолии кишвар бемаҳдудият додани барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 ва 2021 изҳори назар карда, аз мушкилотҳои баамаломада дар ин самт суҳбат намуд. Зиндагии мардум рушду нумуъ ёфта, истифода аз таҷҳизоти гуногуни барқии аз хориҷ воридшаванда, ки ба талаботҳо стандартӣ ҷавобгў нестанд рў ба афзоиш ниҳодааст. Бинобар хунук омадани фасли тирамоҳу зимистони имсола ва кам ворид шудани об ба обанборҳо иқтидори неругоҳҳои кишвар барои таъмини таҷҳизоди аз меъёр зиёди барқӣ басанда нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар деҳот низ мардум аз усулҳои маъмулии гармидиҳию хўрокпазӣ, ки қаблан тавассути ҳезуму ангишт роҳандозӣ мешуд, даст кашида ба ин мақсадҳо аз барқ истифода мебаранд. Ин мушкилоти соҳаро дучанд мегардонад. Ба мардум вазъияти баамаломадаро дуруст шарҳу эзоҳ дода, барои дурусту сарфакоронаи истифода намудан аз барқ тамоми чораҳоро бояд андешид.

Таъмиру таҷдид, сохтани неругоҳҳои хурду бузург, таъмини кормандоне, ки соҳаро пеш мебаранд ба ҷамъоварии маблағи барқи масрафшуда алоқамандии зич дорад. Мутаасифона дар ин самт низ мушкилот зиёд буда, аз ҳар фарди ватандўст масъулият металабад. Дар ин вазъияти буҳрони моро зарур аст, ки ба масрафи беҳудаи барқ роҳ надиҳем ва аз таҷҳизотҳои каммасраф истифода намуда, ба чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ҳаммаром бошем то фасли сармои имсоларо бе душворӣ паси сар намоем.

Муовини Сарвазир инчунин аз паёмадҳои ногувори бемории сироятии Covid-19 ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ёдовар шуда, риояи қатъии тавсияҳои табибонро оид ба эмин нигоҳ доштану худу фарзандон аз ин беморӣ василаи асосии пешгирикунанда арзёбӣ намуданд.

Муовини сарвазири кишвар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ низ аз камшавии захираҳои оби обанборҳо, ба истеҳсоли барқ таъсири манфӣ мерасонад сухан карда, вазъи баамаломадаро на танҳо дар Тоҷикистон балки дар ҳамсоякишварҳо низ буҳронӣ арзёбӣ намуд. Ў иттилоъ дод, ки дар бисёр кишварҳои минтақа маҳдудияти барқ ҷорӣ гардидааст. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интиқоли барқ ба кишварҳое, ки шартномаи додугирифт дорем қатъ гардида, ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст барои бемаҳдудият дастрасии барқ ба сокинони кишвар аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Роҳбари кишвар инчунин оид ба захира ва ғанӣ гардондани бозорҳои кишвар бо маводи хўрока, танзими нарху наво ва ташкили ярмаркаҳо дар шаҳру навоҳии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бинобар кишоварзони шаҳри Ҳисорро зарур аст, ки аз замин самаранок истифода карда, барои рўёнидани 2-3 ҳосил кўшиш намоянд. Ба захираи маҳсулоти хўрока аҳмияти ҷиддӣ дода, кишти картошка ва ғалладонагиҳоро зиёд намоянд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ҷиҳати самаранок роҳандозӣ шудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба муовини аввал ва муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои иҷтимоӣ, раисони маҳалла, инчунин гурўҳҳои корие, ки бо ин мақсад ташкил шудаанд тавсия дод, ки ташвиқу таблиғи хона ба хонаро ба роҳ монда, дар ин самт ба мардум бо эҳтирому таҳамулпазирӣ рафтор намоянд.

Дарҷ гардид, ки дар шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо нақшаи чорабиниҳо омода мегардад ва иҷрои он зери назорати қатъии Раиси шаҳр қарор мегирад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru