Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон

Шанбе, 06 Апрел 2019
Муаллиф: Каримов Хуршед
http://www.zoofirma.ru/

Сокинони шаҳр хуб огоҳӣ доранд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз як ҷониб таъмини шафофияти фаъолият ва огоҳӣ аз дархосту масоили ҳалталаб бошад, аз ҷониби дигар иҷрои ин амал ба дастрасии фаъолияти мақомот бо аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.

Имрӯз низ 44 нафар сокинони шаҳр доир ба масъалаҳои таъмин гардидан бо қитъаи замини наздиьавлигӣ, оби нӯшокӣ, таъмири роҳ, расонидани кӯмак барои табобат, ивази симчӯб, дохил шудан ба муассисаҳои олӣ барои идомаи таҳсил, баҳсҳои оилавӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ муроҷиат карданд. Раиси шаҳр ҳар муроҷиатро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, масъулонро вазифадор намуд, ки барои қонеъгардонии дархости шаҳрвандон онро дар маҳал ва мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун мавриди омӯзиш ва иҷро қарор дода, ба шаҳрвандон ҷавоби хаттӣ ирсол намоянд.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта ду маротиба дар бинои мақомот ва тибқи нақша дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тариқи «Равзанаи ягона» боиси коҳиш ёфтани муроҷиат ва дархости шаҳрвандон гардида, давоми соли ҷорӣ низ иҷрои ин амал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишин идома дорад.