ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1825
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1953
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1825
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25263
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14026
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872189

Фаъолияти дар 3 моҳ ҷамъбаст гардид

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсату шуъба, бахш, идораву ташкилот, фаъолон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва воситаҳои ахбор дар натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид, иштирок намуданд. Маҷлисро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода оғоз намуда, ҳозиринро бо тартиб ва рӯзномаи корӣ шинос намуд. Сипас муовини раиси шаҳр Азимӣ Ҳ. И. “Оид ба ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  шаҳри Ҳисор дар 3-моҳи  соли 2020” маърӯза намуд ва баъдан натиҷаҳои фаъолият мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор гирифт.

Дар анҷоми маҷлиси фаъолон раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода барои беҳбудии фаъолият дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузошта, зикри он дошт, ки ҳарчанд ҷамъбасти 3 моҳи фаъолият хуб аст, тақозои замон он аст, ки мо бояд барои амалигардонии ҳадаву мақсадҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боз ҳам дучанд кору фаъолият намуда, ӯҳдадориҳои соҳавиро таъмин ва барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор ва эътимодбахш гузорем ва  ба  боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор кору зиндагӣ намоем ва азми он дошта бошем, ки диёрамон дучанд ободу зебо ва мардумаш ҳамеша осудаҳол бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru