ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1784
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1953
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1784
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25263
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13985
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872148

Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон доир намудани Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» ва мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳр бо сокинон, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба ҳукми анъана даромадааст.

Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи Равзанаи ягона санаи 24 апрел дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода баргузор гардид. 18 нафар шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоти рӯзгори худ ба раиси шаҳр муроҷиат карданд.

Бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳалталаби ҳудуди ҷамоат ва таъмини шафофияти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маҳал Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи Равзанаи ягона баргузор мегардад.

Раиси шаҳри Ҳисор пас аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон оид ба чанд масъалаи муҳим ибрози андеша намуда, зикри он дошт, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир моро вазифадор менамояд, дар иҷрои вазифа бо дарки бештари масъулият кору фаъолият намуда, аҳолиро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, маърифати шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи дӯстдории Ватан ва одоби хуби оиладорӣ тарбия намоем.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru