ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз30
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1913
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта30
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14144
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1872307

МУРОҶИАТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ШАРИФҶОН ҶУМЪАЗОДА БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни азиз,
Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, паҳншавии бемории сироятӣ дар ҷамъи давлатҳои ҷаҳон ва ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дучор гардидани мардуми сайёра моро водор мекунад, дар роҳи шинохти асолати аҷдодии худ, дар ҳамдастию ҳамдилӣ, меҳрубонию ғамхорӣ нисбати ҳамдигар, аз ҷумла шахсони ниёзманду яккаву танҳо, эътиқод ба рӯзи фардои саршор аз муҳаббат ва зӯҳури олитарин маърифату одоби шаҳрвандӣ кору фаъолият намуда, дар рафъи мушкилоти мавҷуда бештар масъулиятшинос бошем.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ бояд огоҳ бошанд, ки дар шаҳри Ҳисор бо такя ба дастуру ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сидоти шаҳрӣ таъсис ёфта, нигоҳдошти низоми фаъолият дар ҳама самтҳои ҷомеадорӣ зери назорат қарор дорад.
Бозору нуқтаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, фаъолияти рӯзмарраи нақлиётҳои мусофиркаш, беморхонаву марказҳои саломатӣ, дорухона ва дигар муассисаҳои хизматрасон зери назорати доимӣ қарор дошта, аз сокинони шаҳр эҳтиромона хоҳиш дорем ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос бовар накунанд.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар масири таърих имтиҳони зиёди душвор ва мушкилоти зиндагиро сарбаландона бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва матонату ҷасорати аҷдодӣ паси сар карда, чун миллати тамаддунофар шуҳратёр гардидааст.
Дар шаҳр бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии неъмати зиндагӣ мавсими кишту кор ва парвариши зироатҳои полезӣ бомаром идома дошта, кишоварзон азми он доранд, ки бо иҷрои кишти такрорӣ ва ҷамъоварии ҳосили боғу токзор дасторхону хонадони сокинони ҷумҳуриро бо неъмату ҳосили рӯёнидаи худ таровати гуворо бахшанд.
Вобаста ба вазъи мавҷуда насли калонсол махсусан омӯзгорон, адибону аҳли ҳунар, бонувону фаъолзанон ва рӯзноманигорон вазифадоранд, дар тарғибу риояи дастури табибон бештар масъулиятшинос бошанд.
Фарзандонро дар хона нигоҳ доранд, ба тозагии хонаву манзили зист, муҳити атроф бештар эътибор зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солимро риоя ва ташвиқ намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки табиби ҳар инсон пеш аз ҳама худи инсон аст.
Дар сурати зӯҳури нишонаҳои бемории сироятӣ шаҳрвандон бояд ба табибон муроҷиат кунанд ва ба худтабобат кардан машғул нашаванд. Мо танҳо дар ҳамдастӣ метавонем мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ идома бахшем.
Ҳамшаҳриёни азиз,
Биёед бо дарки масъулият кору фаъолият намуда, нисбати тақдири имрӯзу ояндаи миллат бетараф набошем.
Бо умеди рӯзи неку саодати зиндагӣ бароятон кушоиш ва саломативу хушбахтиро таманно дорам.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru