ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз112
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3292
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта28185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3292
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110349
mod_vvisit_counterҲамагӣ1755380

Табрики Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони толеъбаланд ва саодатёру ватандӯсти шаҳри Ҳисор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи нек, саломативу бурдборӣ ва дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдат ва шукуфоии Ватан азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду натиҷаҳои хуби меҳнатиро таманно дорам.

Бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукўҳи хоса таҷлил гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон падидаи ҷолиб маҳсуб ёфта, сиёсати давлату ҳукумати мамлакатро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли наврас ифода менамояд. Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон чун ба як қувваи пешбарандаи ҷомеа такя намуда, бо эътимод метавон зикр намуд, ки муҳимтарин дастоварду натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ ба ҷаҳду кӯшиш ва корномаҳои насли ҷавон марбут аст.

Дар замони муосир, ки таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон зуд пайдо мешавад, ҷавонони шаҳр вазифадоранд мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро хуб дарк намуда, зери Парчами Ватан дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар масъулиятшинос ва муттаҳид бошанд.

Итминони комил дорам, ҷавонони шаҳр бо дарки шинохти арзишҳои маънавӣ, дастовардҳои илмиву амалӣ ва фарҳангиву ихтироъкории худ бо мақсади бахшидани пайванди ҷовидона ба арзишҳои дирўзу имрўзи миллат дучанд кору фаъолият намуда, бо офаридани дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ барои пешбурди ҷомеаи нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳанд кард.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҷавонони шаҳрро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон бахту саодат ва комёбиву нусратро таманно дорам.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru