ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2840
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2314
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5154
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19268
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1877431

Чораҳои пешгирикунанда бояд ҷоннок карда шаванд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, сардорони сохторҳои қудратӣ, шуъбаю бахшҳои мақомоти маҳаллӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода кори машваратро оғоз бахшида зикри он дошт, ки санаи 27 майи соли ҷорӣ маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Пешвои миллат дар ҳузури аъзоёни Ҳукумати мамлакат чанд масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, ба аъзоёни ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоишҳои мушаххас пешниҳод намуда, иҷрои онро дар маҳал махсус таъкид намуданд. Дар баробари баррасии масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, парвариши зироатҳои кишоварзӣ, андешидани чораҳои судманд ҷиҳати пешгирии вазъи гирифторшавии сокинони мамлакат ба бемории сироятии коронавирус, табобати беморон, таъмин бо маводи доруворӣ, фаъолияти беморхонаву марказҳои табобатӣ ва тақвияти корҳои тарғиботию ташфиқотӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Баъдан муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз вазъи корҳои табобатӣ дар беморхонаҳои шаҳр, таъмин бо маводи доруворӣ, фаъолияти дорухонаҳои шаҳр, риояи талаботи пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нақшаи минбаъдаи фаъолият аз масъулони соҳа пурсиш намуда, барои беҳбудии кор дастуру андешаҳои судманд баён дошт.

Машвартаро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ҷамъбаст намуда, зикр намуд, ки дар шаҳр пас аз расман ба қайд гирифтани бемории коронавирус Ситоди шаҳрӣ таъсис ёфта, дар маҷлисҳои ситод масъалаи дарёфти роҳҳои беҳбуд, таъмини фаъолияти мунтазами кормандон соҳаи тибб, беморхонаҳо бо доруворӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ, таъмини фаъолияти нуқтаю марказҳои савдо, нигоҳдошти нархи маводи озуқа, гузаронидани корҳои беҳдоштӣ дар корхонаву ташкилот, кӯчаву маҳаллаҳо, бозору нуқтаҳои савдо ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ новобаста аз таъсири бемории сироятӣ корҳо бо маром идома дорад. Сокинони шаҳр махсусан кишоварзон ба меҳнату корҳои саҳроӣ машғул буда, корҳои тарғиботӣ дар ҳама деҳаву маҳалла ба роҳ монда шудааст.

Ба ғайр аз беморхонаю марказҳои саломатӣ боз 160 бригадаи сайёри тиббӣ фаъолият доранд. Табибони оилавӣ низ хуб фаъолият намуда, қариб ҳар рӯз ба соҳаи тиббӣ шаҳр аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ кӯмакҳои моддӣ дастрас мегардад ва аз рӯи зарурат тақсим ва истифода бурда мешавад. Дар муқоиса бо аввали моҳи соли ҷорӣ муроҷиат ва шумораи беморон хеле кам шудааст ва дар ин самт иҷрои корҳо идома дорад.

Мо бояд ҳамагон дастҷамъона барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаъолияти бомароми корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини нақшаи андоз, тақвияти корҳои тарғиботию ташфиқотӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ мубориза барем. Фарзандон, аҳли оила, ҳамсоягону сокинони маҳалларо ҳидоят намоем, ки талаботи пешгирии беморӣ, тозагии маҳал, пушидани ниқоб ҳангоми ба кӯча баромаданро риоя кунанд ва бо пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намоянд - зикр дошт дар ходими сухан шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru