ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1370
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3462
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4832
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24166
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43112
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1901275

Кишоварзӣ ва вазъи он

http://www.zoofirma.ru/

Субҳи имрӯз  Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади ошноии бештар аз рафти корҳои саҳроӣ, саривақт гузаронидани агротехникаи парвариши зироатҳо, махсусан пахта, бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта дар самти беталаф ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва саривақт гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошка бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати корӣ баргузор намуд.

Муовини раиси шаҳр оид ба соӣаи кишоварзӣ зимни пешниҳоди маълумот зикри он дошт, ки ҷиҳати саривақт анҷом додани озуқадиҳии зироатҳои киштшуда, махсусан пахта аз ҷониби мутахассисони соҳа чораҳои амалӣ андешида шуда, ба ҳолати 22 июни соли ҷорӣ майдони 1562 гектар пахтазор бо озуқаи якум таъмин карда шуд.

Ба ҳолати 22 июни соли равон аз 26 адад комбайнҳои ғалладарав 22 адад сафарбар карда шуда, аз майдони 4972 гектар 1377 гектар зироатҳои ғалладона, аз он 504 гектар ғаллазори обӣ ҷамъоварӣ гардид. Аз майдонҳои ҷамъоваригардида 642 гектар куфта шуд.

Аз майдони 313 гектар пиёзи барвақтӣ майдони 257 гектар ҷамъоварӣ гардида, ба миқдори 9909 тонна пиёз ба даромад гирифта шудааст ва ҳосилнокии он аз ҳар як гектари киштгардида ба 385 сентнер расонида шудааст, ки ин нишондод нисбатан 26 сентнер зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар майдони 183 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст, ки аз он майдони 81 гектарро шолӣ, 1 гектар зироатҳои лӯбиёгӣ, 73 гектар ҷуворимакка барои дон, 3 гектар сабзавот, 4 гектар полезӣ ва 21 гектарро ҷуворимаккаи хӯроки чорво ташкил менамояд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дурнамои кишти такрории зироатҳо, махсусан кишти пурраи картошка ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо нисбати захира намудани тухмии картошка чораҳои мушаххас андешида шуда истода, тибқи ахборот дар бахши деҳқонӣ аксарияти деҳқонон омодаанд аз ҳисоби худ тухмии картошкаро аз бозор харидорӣ намуда, киштро дар вақтҳои оптималӣ гузаронанд.

Ба ҳолати имрӯза захираи хӯроки дурушт 8148 тоннаро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда 24 фоизи дурнаморо ташкил намуда, аз захираи кардашуда 3426 тонна тарбеда, 4372 тонна хасбеда ва 354 тоннаро коҳ ташкил менамояд.

Баъдан масъалаи пешгирии ҳайвоноти хоҷагиҳои ҷамоатӣ ва шахсӣ аз беморӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Раиси шаҳр масъулон махсусан байторони шаҳрро вазифадор кард, ки ба чарогоҳҳо ва хонаҳои атҳолӣ ташриф оварда, доругаронии чорворо судманд анҷом диҳанд ва бо аҳолӣ ҷиҳати такмилбахшии маърифати чорводорӣ сӯҳбату мулоқот баргузор намоянд.

Дар анҷом барои рафъи мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар назди кормандони соҳа супоришҳои мушаххас гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru