ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1534
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3462
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4996
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24166
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43276
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1901439

Табрики раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони арҷманд,

Таърих гувоҳ аст, ки аҳли башар оғози зиндагии маънавию моддии худро тавассути ба ҳам омадан ва муттаҳид шудан саодату бақои устувор бахшида,  бо муттаҳидию ваҳдати комил роҳи худро дар бунёди ҷомеаи дунявию дорои маърифати хуби инсонӣ пайдо кардаанд.

Ҷойгоҳу мақоми волои ваҳдатро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон тавассути хираду сиёсати оламгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҷаллӣ сохт, то аз рӯйдодҳои душвори солҳои навадуми асри гузашта барои худ сабақи таърих биомӯзем ва бо вуҷуди мубораки ваҳдат бо мақсади пешрафту шукуфоии Ватан дар  рўзгори сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии худ бештар кору фаъолият намоем.

Расидан ба ваҳдати миллӣ натиҷаи таҳаммул, тавфиқ ва талошҳои бамавриди сокинони кишвар тавассути ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири ҳастии миллат маҳсуб ёфта, сокинони шаҳри Ҳисор ин ҷашни фархундаи миллиро бо натиҷаву дастовардҳои назаррас истиқбол намуда, тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ силсилаи корҳоеро ба сомон расонданд, ки арзиши муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва ҷамъиятиро касб кардааст.

Баргузории мулоқоту сӯҳбат, вусъатёбии корҳои созандагӣ дар иншоотҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъиноташон гуногун, тарғибу қадршиносии ягонагию ваҳдати миллӣ, дастҷамъонаи мубориза бурдан бар зидди бемориҳои сироятӣ, футувватмандии соҳибкорону шахсони хайрхоҳ дар роҳи табобати беморон, таъмини фаъолияти бонизоми беморхонаву марказҳои саломатӣ, кӯмак ба ятимону барҷомондагон самараи ваҳдати миллӣ буда, бори дигар гувоҳӣ аз он дорад, ки сулҳу ризоияти миллии тоҷикон дар таърих давлатдории муосири кишварҳои ҷаҳон кашфиёти нодир аст.

Бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагии миллӣ ва пойдории сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Рӯзи ваҳдати миллиро ба сокинони шаҳр табрику таҳният гуфта, саодати рӯзгор, пешрафту комёбӣ ва толеъу бахти некро таманно дорам.

Ҳумоюн бод Рӯзи ваҳдати миллӣ,

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru