ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1328
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3462
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4790
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24166
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43070
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1901233

Поянда бод Ваҳдат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 10
  • Минбаъда

Санавбар Юсупова модари 100 сола - ҳамсари яке аз абармардони номдори Ҳисор Абдурауф Юсупов, ки умри худро сарфи ободии диёр карда, аз худ мактаби бузурги хоҷагидорию тарбияи солими оиларо боқӣ гузоштааст, ҳаноми аёдати раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода аз рӯзгори рангини сабақомӯзи худ нақлҳои аҷибе карда, ба таъкид баёни он дошт, ки мо бояд ба қадри оромию осудагӣ, фаровонии неъмат, рӯзгори осудаву бахти неки фарзандон шукргузор бошем. Ба қадри хизматҳои шоистаи таҳсини Пешвои миллат бирасем ва дар роҳи татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона хизмат намоем. Ваҳдату оромӣ, пешравии давлат ва пурии дасторхони мардум осон ба даст наомадааст, барои ба ин рӯзҳои нек расидан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар душворию имтиҳони сангини рӯзгорро дидаву барои мову Шумо заҳмат кашидаанд. Худоё, Пешвои миллат ва мардуми азизи моро дар паноҳи исмати худ нигоҳ дор, ваҳдату сулҳ ва осудагии мо ҷовидона бошад, ҳар касе дар дил чӣ мақсади нек дорад амали гардаду умри маро ба аҳли тоҷикистониён насиб гардон - иброз дошт дар дуои неки худ ин модари гиромӣ.

Ҳангоми аёдати дигар собиқадорон ва табибоне, ки дар рӯзҳои душвор баҳри наҷоти беморони гирифториҳои бемориҳои сироятӣ бо амри виҷдон фаъолият намуда, сарбаландони қарзи табибии худро иҷро кардаанд, ҳамагон ризоияти худро аз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, арзи он доштанд, ки дар роҳи татбиқ ва устувории ғояҳои миллӣ ва ормонҳои давлатдорӣ дучанд кору фаъолият хоҳанд кард.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода барои хизматҳои шоён ба аёдатшудагон изҳори эҳтиром намуда, фарорасии Рӯзи ваҳдати миллиро барояшон табрику таҳният гуфта, номаи табрикотӣ ва туҳфаҳои молиро тақдим кард.

Фархунда бод Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru