Ҷамъбасти фаъолияти семоҳа дар соли 2017

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Сокинони шаҳри Ҳисор аз фаъолияти худ дар се моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карданд. Бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, раисони корхонаву ташкилот, хоҷагиҳо, сардорони раёсату идораҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо ва намояндагони васитаҳои ахбори омма маҷлиси ҷамъбастии фаъолият дар се моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Азимӣ Ҳафтандил Исмоил «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда» суханронӣ намуд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода аз Алиев Б – сардори нозироти андоз, Саадуллоев Қ – и.в. сардори Раёсати молия сабабҳои иҷрои нагардидани андоз ва аз масъулони соҳаҳои дигар ҷиҳати таъминоти нафақа, таҳияи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр”, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, танзими ҳаракати нақлиёт, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, таъмини оби ошомиданӣ, таъмир ва мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди шаҳр, рафти кишти баҳорӣ, коркарди маҳсулот, таъмири насосҳои обкаш, парвариши пилла, бунёди боғу токзор,  таъмири мактабҳо, барои ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, таъмини нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва масъалаҳои дигар пурсон шуда, муаммоҳои мавҷударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикр дошт; “Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ меҳнаткашони шаҳри Ҳисор дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои фаъолият нақшаҳои меҳнатиро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Соли ҷорӣ бо Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардида, сокинони Ватани азизамон 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз ҳузури аҳли толор, фаъолон зиёиён, раисони хоҷагию маҳаллаҳо ва табибону омӯзгорон бори дигар таъкид бар он дорам, ки бо ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчунин бо раҳнамоии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон  дар баробари таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа, дӯстии халқҳои кишвар, рушди иқтисоду сиёсат дар ҳаллу фасли дигар  масъалаҳои мубрами минтақа низ чун қувваи васлгар хизмат менамоянд. Мо вазифадорем ин санаи фархундаро дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ таҷлил намоем ва нақша-чорабиниҳои Соли ҷавононро бо иштироки ҳамаи табақаҳои аҳолӣ баргузор намуда, эҳсоси дӯстдории Ватан ва ғояи худогоҳию худшиносии миллиро дар замири ҷавонон тавсия бахшем.”

Натиҷагирии фаъолият дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар баробари баррасии масъалаҳои ҳалталаб барои таъмини шафофияти кор ва иҷрои вазифа чун раҳнамо хизмат низ хоҳад кард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru