ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2399
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14510
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52811
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017504

Қадршиносии абармардони Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 5 майи соли равон дар толори китобхонаи шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомад баргузор гардид, ки дар фазои тантанавӣ тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ба ҳар як собиқадор тақдим гардид.

Собиқадорон аз чунин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу эҳтиром намуда, ободию оромии диёр ва пойдории сулҳу ваҳдатро таманно доштанд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода собиқадорон Холматова Робиға аз Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Чанор, Шарипов Бобо аз Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Тӯда, Саидов Ҳалим аз Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷӣ ва Нарзиқулов Холиқ аз Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, деҳаи Чангоб, ки дар ҷамъомад иштирок карда натавонистанд, дар ҳамроҳӣ бо муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал М.Холиқзода аёдат намуда, тӯҳфаҳоро тақдим ва ин қаҳрамонони майдони набардро бо Рӯзи Ғалаба таҳният гуфт.

«Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохт ва арҷгузории Рӯзи Ғалабаро гиромӣ арзёбӣ кардаанд: «Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост.  Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».

Дар набардҳои сангин зиёда аз 250 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душмани ғаддор мубориза бурда, Ватани ҷоноҷони худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд.

Аз байни онҳо 63 нафар тоҷикписарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз гаштанд.

Сокинони шаҳри Ҳисор иштирокчиёни майдони набардро азизу арҷманд медоранд ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррӯзаи ҷавонон чун сабақи рӯзгор қарор медиҳанд.

Аёдати ҳамешагии онҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ ифодагари самимият, меҳру муҳаббат ва арҷгузории ҳар як сокини шаҳр ба диловарию шуҷоат ва мардонагии ҷанговарон дар майдонҳои набарду арсаи меҳнат маҳсуб меёбанд.» - иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Баргузории вохӯрию сӯҳбат ва аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби корхонаву ташкилот ва ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр идома дорад.

Рӯзи зафар муборак, ҳамватанони азиз.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru