Марди роҳ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Субҳи рӯзи 15 май раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар деҳаи Алмосии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар ҳамроҳи бо пирони барнодил, фаъолон ва аҳли зиёи ҷамоат ба кори мумфаршкунии роҳи деҳа оғоз бахшид.

Раиси шаҳр дар мулоқот бо сокинони ибрози он дошт: «Дар идомаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Ҳисор ба иқдомҳои бунёдкориву созандагӣ даст зада ободонию шукуфоии шаҳрро мароми худ қарор додаанд. Аслан ба муаррифӣ ва зикри корҳои хайри Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо зарурате нест, зеро ин марди саховатпешаю ватандӯстро мардуми кишвар мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Неъматзода Қурбонмурод – марди роҳ аст ва ободии роҳҳои кишвар ба истеъдоду фаъолиятии кори мавсуф пайвастагии зич дорад. ӯ соли гузашта беш аз 12 км роҳҳои ҳудуди шаҳрро аз ҳисоби маблағи худ мумфарш кард ва дар идомаи ин иқдомҳои наҷиб имрӯз тасмим гирифтааст, ки роҳи деҳаи Алмосиро низ бо маблағгузории худ пурра мумфарш намояд.»

Баъдан пирони деҳа барои чунин иқдоми нек дар роҳи татбиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори варзидаву олиҳиммат Неъматзода Қурбонмурод изҳори эҳтиром доштанд. Бояд тазаккур дод, ки иҷрои чунин амалҳои хайр дар тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон ва ҷалби соҳибкорон ба амалҳои хайру бунёдкорӣ аз аҳамият холӣ нест.

Неъматзода Қурбонмурод, воқеан марди роҳ аст ва бошад, ки сафи чунин инсоҳои некухисол бештар гардида, дар шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru