Ҷашни Рӯзи байналхалқии оила дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон оила чун рукни муҳими давлатдорӣ ва асоси ҷомеа эътироф гардида, бузургтарин ҳадафе, ки имрўз дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад.

Бахшида ба Рӯзи байналхалқии оила дар тарабхонаи Усто Наботи шаҳри Ҳисор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштрок ва суханронӣ намуд.

«Чун бунёд ва устувории оила бештар ба ақлу хирад, иффату маърифат, ҷаҳонбинӣ ва афкори зан – модар тааллуқ дорад Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи рост, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон ва арзишҳои пурқиммати ҷомеа донистаанд.

…Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст. Ҳадаф аз ин, пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад» - зикр дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Дар ҳузури меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ озмуни шаҳрии «Маърифати оиладорӣ» ҷамъбаст ва ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои молию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд. Иштироки ҳунармандони касбии ҷумҳурӣ Қобилҷон Зарипов, Муҳаррама Шарипова, Сироҷиддин Фозилов ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ шукӯҳи тоза ва ғановати дигар эҳё намуд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru