ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2338
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14449
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52750
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017443

Дави миллӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Субҳи имрӯз дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.

Дар оғоз раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштирокчиёни чорабинӣ ва сокинони шаҳрро бо ин Рӯзи ҷавонон ва баргузории дави миллӣ муборакбод гуфта, зикри он дошт: «Дар ин майдон қисми пешқадам ва фаъоли ҷавонони шаҳр гирд омадаанд. Мехоҳам таъкид намоям, ки ба зиммаи мову шумо масъулияти бузург дар назди ҷомеа нисбати тақдири имрӯзаву ояндаи Ватан, гузошта шудааст.

Мо бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бобати тарбияи насле, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад, таъмин намоем.

Имрӯз мо гуфта метавонем, ки Дави миллӣ низ яке аз мусобиқаҳои оммавӣ -варзишӣ ба шумор рафта, сол аз сол нуфузи ин мусобиқа афзуда, хоҳишмандони зиёд дар он иштирок менамоянд.

Боварӣ дорам, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ барои беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳад кард.»

Пас аз анҷоми чорабинӣ ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд ва барномаи консертии бахши фарҳанги шаҳр манзури ҳозирин гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru