ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2439
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14550
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52851
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017544

Табрики Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони толеъбаланди шаҳри Ҳисор ва ватани азизамон Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо эътимоди комил ба фардои дурахшон ба ҷавонони бонангу номуси Ватан ва кулли мардуми шаҳр саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.

Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 нишони он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрату садоқат, ғурури ватандорӣ ва соҳиби ин марзу бум будани ҷавонони Ватан эътиқоди комил доранд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони шаҳр бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ, дониши баланду маърифати комил ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои шоён дар баланд бардоштани эътибори ҳамсолон дар ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро густариш диҳанд, ҳамчун инсонҳои бедордилу ватанхоҳ ташаккули рушди кишварро таъмин намуда, мероси таърихию фарҳангии кишвари азизамонро ҳифз ва эҳё созанд.

Соли равон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 26–солагии  Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ва Соли ҷавонон таҷлил мегардад.

Имрӯз, ки раванди сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ пойдор аст, бояд мо ҷавонони ифтихорманди Ватан мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро хуб дарк намуда, зери Парчами Ватан муттаҳид бошем ва содиқона дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем.

Мо ҷавонон бо Пешвои миллат ифтихор дорем ва чун вориси арзанда бо азму иродаи қавӣ ва қудрати фардоофар барои халқу миллати худ дучанд кору фаъолият хоҳем кард.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҷавонони шаҳрро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки бахту саодат ва комёбиву фирӯзиҳо ҳамеша ёратон бод!

Рӯзи ҷавонон ва ҷавонии Ватан муборак.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru