ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2308
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14419
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52720
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017413

То ҷовидон ҷавонем...

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Бо эътимод ба фардои дурахшони мамлакат ҷавонони бонангу номус  ва толеъбаланди шаҳри Ҳисор Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намуданд. Пас аз сухании ифтитоҳии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло ҷавонони шаҳрро табрик намуда, файзу баракати ин ҷашни таърихиро дар Соли ҷавонон аз эътиқоду ҳидояти Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат арзёбӣ кард.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста тадбирҳои амиқ амалӣ намуда, ба ҷавонон имкон фароҳам меоварад, то дар заминаи тарбияи худшиносии миллӣ, ҳисси ифтихори ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд...

Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушду пешравии давлат ва ҷомеаи навин, нерӯи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз, ки раванди сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ пойдор аст, бояд ҳамаи мо, пеш аз ҳама ҷавонони ифтихорманди Ватан мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ягонагии миллатро хуб дарк намуда, зери Парчами Ватан муттаҳид бошем-иброз дошт дар номаи табрикотии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳр бо иштироки беш аз се ҳазор ҷавонону наврасон мақбули меҳмонон ва аҳли диёр гардид. Ташрифи ҷавонони Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идона пайке аз устувории ваҳдат ва шукуфоии диёр дошт.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru