ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз441
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2536
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта16621
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13918
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56638
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта72124
mod_vvisit_counterҲамагӣ1358077

Ҷашни ғунчаҳои боғи миллат дар Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштирок намуда, наврасону кӯдакони шаҳрро бо ин рӯзи таърихиву фардоофар табрик намуд. Баргузории озмуну мусобиқаҳои расмкашӣ, варзишӣ ва фарҳангию ихтироъкорӣ шаҳомати идро дучанд намуд ва ғолибони озмуни шаҳрии «Ҷилои ахатарон» бо Сипосномаи мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҷамъи дастгоҳҳои фароғатии шаҳр давоми рӯз ройгон ба кӯдакон хизмат мерасонанд ва аз ҷониби идораву ташкилот ва шахсони саховатпешаи шаҳр ба тифлон бозичаҳо, яхмосу нӯшокиҳои ташнашикан ва маводи хӯрока ройгон тақсим карда шуд.

Шодию хуррамӣ ва завқу хандаи тифлон нишоне аз ободии диёр ва саодати рӯзгори муосир дошт, ки аз сиёсати ғамхоронаву падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр низ чунин чорабиниҳои идона баргузор гардид.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru