ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2440
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14551
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52852
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017545

Баргузории конференсияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо иштироки беш аз 700 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, муовини раиси ҳизб Бобоҷониён Рано Маҳмудзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар Қасри фарҳанги шаҳр конференсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри баргузор гардид.

Дар кори конференсия ҳисоботи раиси шаҳрии ҳизб дар давоми дуним соли фаъолият Ф.Аловиддинов ва раиси Комиссияи тафтишотӣ А.Самадов шунида шуд. Баъдан вакилон Аъзамов А., Аминов Ш., ва нафарони дигар дар музокираи маърӯза ширкат варзиданд.

Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Рано Маҳмудзода дар суханронии худ фаъолияти аъзоён ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро таҳлил намуда, даъвати он дошт, ки ҳизбиён дар иҷрои талаботи оиннома ва барномаҳои ҳизбӣ бояд бештару беҳтар масъулиятшинос бошанд.

Дар кори конференсия раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода суханронӣ намуда, зикри он дошт, ки: «Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш рисолати сулҳу ваҳдатофаринӣ, бунёдкорию созандагиро ба зимма дошт. Ва давоми солҳои мавҷудияташ нишон дод, ки чун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба чунин рисолати худ содиқ аст.

Нақши аъзоён ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хусусан дар маъракаҳои интихоботӣ, чорабиниҳои расмӣ, ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, маъракаи ҳосилғундорӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ниҳоят чашмрас аст.

Мо - аъзои ҲХДТ вазифадор ҳастем, ки самараҳои меҳнати халқи кишварро бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз намоем, онро ба мардум аз наздик, ба таври боварибахш нишон диҳем».

Баъдан аз ҷониби вакилон ҳайати нави Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб ва тасдиқ гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru