ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2373
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14484
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16761
mod_vvisit_counterҲамин моҳ52785
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1017478

Ваҳдати мо – ваҳдати оламгир аст…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабинии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузории вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи тарғиботчиён дар шаҳру деҳоти Ҳисор идома дорад.

Субҳи имрӯз дар асоси нақшаи ба тасвибрасида дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки беш аз 300 нафар сокинон мулоқоти судманд ҷиҳати шинохт ва муқаддасии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор мегардад. Мулоқотро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, зикри он дошт: «Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Ҳисор Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки ба ҳалли муноқишаҳо ва баҳамоии миллат асоси воъеӣ гузошт арҷгузорӣ намуда, дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории пояҳои давлатдорӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кору фаъолият доранд.

Бо имзои ин ҳуҷҷати бахту саодати миллат- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи нави шукӯҳу зафарҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар Тоҷикистон оғоз гардида, дар ин гардишгоҳи таърихӣ кишвари мо аз вартаи сангини сарнавишт бо ҳидояту иродаи қавии Пешвои миллат ва мардуми хирадманди худ наҷот ёфт ва маҳз, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрони шадид, барқарорсозӣ ва пешрафти зиндагии ҷомеа мусоидат намуданд.

Дар мулоқот ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Қодирзода Диловар, Қодиров Бозор - ноиби Президенти Академияи таҳсилот ва Назирова Мафтуна-шоира иштирок ва суханронӣ намуданд. Баргузории мулоқотҳо бо сокинони шаҳр бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru