Мулоқоти раиси шаҳр бо ҷавонон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Имрӯз, 12 январ, дар толори Касри фарханги шахри Хисор мулокоти раиси шахр Шарифчон Чумазода бо чавонони фаъол бахшида ба «Соли чавонон» баргузор гардид. Раиси шахри Хисор Шарифчон Чумазода дар суханронии худ зикр дошт, ки «Хадафи мулокоти мо бо шумо, дар навбати аввал ин таргиб ва ичрои дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон дар Паёми навбитиашон ба мардуми кишвар, тахлили корхои то имруз анчомгардида дар самти амалисозии сиёсати давлатии чавонон, сахми онхо дар пешрафту тараккиёти шахр, баррасии холати воқеии хаёту фаъолият, муайян намудани вазифахои минбаъда ва роххои халли онхо мебошад.

Имрӯз чавонони мо чун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз чониби Пешвои миллат соли 2017 эълон шудани «Соли чавонон» моро вазифадор менамояд нисбати хастии Ватани азизамон Точикистон ва рушду нумуи он бетараф набошем ва соли чори чунон кору фаъолият намоем, ки шоистаи омузиш ва ибрати дигарон бошад.»

Дар мулокот чавонони шахр оид ба масъалахои мавчуда, бардошти худ аз боздиди НОБ-и Рогун ва накшахои фаъолияти худ ибрози андеша намуданд. Мулокот дар фазои якдигарфахми ва озоду судманд доир гардид.

Дар мулокот хамчунин муовини якуми раиси кумита оид ба корхои дин, танзими анъана ва чашну маросимхои миллии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Гиёсов Чумъахон иштирок ва суханрони намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru