ДИҚҚАТ ОЗМУН

http://www.zoofirma.ru/

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр озмун эълон менамояд:
1. Ҷамоати деҳоти Ҳисор:
- сармутахассис (оид ба корҳои омор, 1 воҳиди корӣ);
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ).
2. Ҷамоати деҳоти Сомон:
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ).
3. Ҷамоати деҳоти Алмосӣ:
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);
- мутахассиси пешбар (оид ба корҳои омор, 1 воҳиди корӣ);
- мутахассис (оид ба кор бо занон ва ҷавонон, 1 воҳиди корӣ).
4. Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ:
- нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ).
Маоши мансабӣ барои:  
- сармутахассис – 853 сомонӣ (категорияи панҷум)
- мутахассиси пешбар – 697 сомонӣ (категорияи шашум)
- мутахассис – 572 сомонӣ (категорияи ҳафтум)
Озмун 9 августи соли 2017 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:
1. Варақаи шахсӣ
2. Тарҷумаи ҳол
3. Нусхаи шиноснома
4. Нусхаи диплом
5. Маълумотнома тиббӣ (Ф-86)
6. Расм 3х4 4 дона
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
8. Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
9. Нусхаи билети ҳарбӣ
10. Маълумотномаи надоштани доғи судӣ
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед: (8-31-39) 25-3-61, 26-3-00,

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru