Ҳосил – 2017

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Парвариш ва омодагӣ ба мавсими чиниши пахта дар шаҳри Ҳисор бо суръати назаррас идома дорад. Кишоварзони шаҳр тасмим гирифтаанд, ҳосили бо заҳмат рӯёнидаи худро беталаф ва бо сифати аъло ҷамъоварӣ намуда, дар рушди иқтисоди кишвар ва ғанигардонии буҷаи маҳал саҳмгузор бошанд.
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои омодагӣ 8 августи соли ҷорӣ аз корхонаи пахтатозакунии «Пахтаи Ҳисор» раиси шаҳри Ҳисор дидан намуд. Аз ҷараёни боздид аён гашт, ки корхонаи мазкур бо сабаби коҳиш ёфтани соҳаи пахтакорӣ фарсуда гардидаву ба таъмиру тармим ниёз дорад ва коллективи меҳнатӣ машғули корҳои таъмирӣ буда, аҳд карданд корхонаро ба мавсим ҳамаҷониба омода намуда, омодаанд зиёда аз 20 ҳазор тонна пахтаро барои коркард қабул намоянд.
Роҳбари корхона дар сӯҳбат бо раиси шаҳр ибрози он дошт, ки то оғози чиниши ҳосил корхона омода гардида, дар сурати пурра фаъолият кардан беш аз 150 нафар сокинон бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки кишоварзони шаҳр дар майдони беш аз 1000 га пахта кишт намудаанд ва парвариши он хуб ба роҳ монда шуда, азм доранд, яке аз аввалинҳо шуда нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро таъмин намоянд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru