Зиҳӣ санъати воло…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 9 августи соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии фарҳангии чеҳраҳои ҷавону навовари шаҳр дар доираи талаботи озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-2017» баргузор гардид. Барномаи фарҳангии таҳиякардаи аҳли санъати шаҳр аз ҷониби доварони озмун аъло баҳогузорӣ шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳои озмуни зикршуда, қадршиносӣ шуданд. Растаи ҳунарҳои мардумӣ низ аз ҷониби доварон хуб пазироӣ шуд ва баргузории чунин озмунҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ метавон сарчашмаи дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва накӯтарин воситаи тағиби тамаддун ва санъати оламгири тоҷик арзёбӣ кард. Сокинони шаҳр ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳидояту раҳнамоии пайваста дар роҳи рушди фарҳангу санъати миллат изҳори эҳтиром намуда, омодаанд чун парчамбардори асили фарҳанги миллат дар тарғибу зиндадошти ҳунарҳои мардумӣ, санъату фарҳанги миллат саҳмгузор бошанд. Барномаи консертии санъаткорони шаҳр тариқи телевизиони «Сафина» манзури сокинони кишвар хоҳад шуд. Худ тамошо кунед, баҳра баред ва қазоват намоед, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru