Мақсад-фаровонии неъмат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 4 сентябри соли ҷорӣ муовини Сарвазир мамлакат муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо кормандони соҳаи кишоварзии шаҳр мулоқоти судманд баргузор намуд. Мавсуф вазъи соҳаи кишоварзии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид бар он дошт, ки шаҳри Ҳисор чун сарзамини деҳқонони соҳибтаҷриба ва чашмикорбон эътироф гардида, аҳли заҳматро зарур аст дар иҷрои вазифа ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бештар масъулиятшинос бошанд. Масъалаи дигаре, ки мавриди таьлил ва иҷро қарор гирифт ин дар соли оянда зиёд намудани майдони кишти пахта ва ҷамъоварии ҳосили рӯёнида аст, ки аҳли соҳа иҷрои ин масъаларо ҷонибдорӣ намуда, ба Пешвои миллат барои дастури оқилона дар самти рушди соҳаи пахтакорӣ изҳори эьтирому садоқат доштанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода мулоқотро ҷамъбаст намуда, дар назди ҳозирин ва кишоварзони шаҳр ҷиҳати иҷрои нақшаҳои меҳнату дастуру супоришҳои мушаххас гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru