Риояи конун амри замон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолият, худшиносию худогоҳии миллӣ, расидан ба се ҳадафи муҳими Ҳукумати Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва чунон ки огоҳӣ доред, бо тақозои замон иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табдил ёфта, пас аз таҷлили 10-соли фаъолияти қонуни мазкур ва мулоқоту вазифагузориьои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони мамлакат гуруҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ба шаҳри Ҳисор низ ташриф оварданд ва имрӯз сардори раёсати ташкилӣ, кор ва назорати иҷрои прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ширифҷон Бег дар кори ҷаласа ширкат доранд - иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.
Баъдан сардори раёсати ташкилӣ, кор ва назорати иҷрои прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Шарифзода Ширифҷон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардидаро шарҳу эзоҳ дод ва бо баёни сайри таърихии давлатдории тоҷикон сокинони шаҳри Ҳисорро бо 26-умин солагрди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак бод гуфт.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар мулоқот таъкид бар он дошт, ки “Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои имруз ва баъдӣ низ ба ҳисоб меравад.” Дар идомаи сухан ӯ аҳли ҷомеаро ба он даъват намуд, ки талаботи қонуни мазкурро риоя ва иҷро намуда, бо ин васила дар беҳбудии рӯзгори худ ва рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru