Ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ мекунем…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Кишоварзони шаҳри Ҳисор рушди соҳаи пахтакориро аз самти муҳими фаъолият қарор дода, бо истифода аз ҳавои мусоид азми он доранд, ки ҳосили рӯёнидаи худро бе талаф ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани тиллои сафеди шаҳр супоранд. Бо мақсади ошноии бештар санаи 6 сентябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз вазъи корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Деҳқонобод ва Шарора дидан намуда, бо сарварони хоҷагиҳо, аъзоёни биригадаҳои пахтакор мулоқоти судманд анҷом дод. 
Кишоварзон аз баргузории чунин мулоқот изҳори сипос намуда, аҳд карданд, ки бо иҷрои нақшаи меҳнатӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукфоии диёр дучанд саҳм хоҳанд гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru