Қадршиносии пешсафон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли зиё, пешсафони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд. Раиси шаҳр аҳли толорро бо 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ибрози он дошт, ки: «Бо раҳнамоию раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 26-соли соҳибистиқлолии кишвар сокинони Тоҷикистон дар роҳи ободии кишвари азизамон ба натиҷаҳои нек мушарраф шуданд ва таърих собит менамояд, ки мардуми мо аз замони бостон бо тамаддуну фарҳанг ва адабу сухани худ дар роҳи ободию оромии аҳли башар хизмати шоиста кардаанд ва насли имрӯз низ бо такя ба хиради аҷдодӣ тавонист Тоҷикистонро чун сарзамини шукуфон, тамаддунофар ва соҳибсиёсату соҳибмақом муаррифӣ намояд. Шумо низ аз зумраи нафаронед, ки дар роҳи пиёдасозии олитарин ормонҳои миллӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, хизмат ва мақоми шоиста доред.”
Баргузории тантанҳои ҷашнӣ дар шаҳру Ҳисор идома дорад.
Ҷовидон бод Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамватанони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru