ТАБРИКИ Раиси шаҳр бахшида ба 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамватанони гиромӣ!
Бисту шаш сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарин маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».
Музайян аст, ки дар дарозои таърих миллати тоҷик ҳамеша тамаддунпарвар, шаҳрнишин, фарҳанггаро, адабпарвар ва зебоишинос буд ва имрӯз низ рисолати ҳар фарди тоҷик обод намудани диёри хушманзару зебои худ буда, вақти он расидааст, ки шукронаи ин муқаддасоти ҷовидона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем. Зеро соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст.
Чун дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон дар қаламрави шаҳри Ҳисор низ бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо, бахусус дар даҳ соли охир корҳои ободониву созандагц вусъати тоза ёфта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Имрӯзҳо мардуми сарбаланди шаҳр чун тамоми сокинони Ватани азизамон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 25-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
Боварии комил дорам, ки мардуми шарифи шаҳр ин ҷашни таърихиро низ бо рӯҳияи баланди ватанпарастӣ, дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ истиқбол мегиранд ва дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо камоли ифтихору шукргузорӣ сокинони шаҳри Ҳисорро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати ҷашни муқаддастарини умумимиллӣ 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва осоиштагӣ таманно менамоям.
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru