Ҷашни Истиқлолият муборак!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Баргузории тантанаи ҷашнӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи Истиқлолиятии давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бори дигар шаҳодат аз он дошт, ки мардум ин ҷашни эҳёи миллату давлатро бо рӯҳия ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд.
Дар тантанаи ҷашнӣ Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳматзод иштирок намуда, сокинонро бо ин санаи фархунда мубаракбод намуд. Сипас раиси шаҳри Ҳисор барои ширкат ва қироати номаи табрикотӣ ба муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳматзод изҳори эҳтиром ва сипос намуда, зикри он дошт: «Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлолият – ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон таманнои онро дорам, ки осмони Ватанамон софу рӯзгорамон обод, саодату пирӯзӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад. Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқамон диёри бостонии Ҳисор ба сарзамини ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад”
Баъдан барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр, ки фарогири суруду оҳангҳои дӯстдории Ватан, худшиносии миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ буд, манзури ҳозирин гардида, хуб пазироӣ ёфт.
Ҷовидон бод Истиқлолияти Ватан, ай ҳамватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru