Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии рӯзи муборак ва фархундаро, ки ба номи қофиласолори адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тақвими навини миллати мо аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сабт шудааст, ба аҳли қалам ва сокинони шаҳри Ҳисор самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқу сарбаландӣ ва дастовардҳои нек таманно менамоям.
Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон бошад, таҷлили солгарди истиқлолият рӯзи шукронаи мо аз тақдир аст.
Дар идомаи ин ҷашни бузург ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ бори дигар аз он дарак медиҳад, ки имрӯз калому паёми устод ҳидоятгари ҷомеаи мо ба сӯи арзишҳои маънавӣ, тараннуми инсонгароӣ, ахлоқи олии инсонӣ ва маънавиятпарвариву мардумсолорӣ ба шумор рафта, нуфузи ҷаҳони андешаҳои ӯ ба таъмини ниёзҳои ахлоқи ҷомеаи башарӣ тавассути фармудаҳои устод ишорат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳақ таъкид кардаанд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мост».
Имрӯз дар афкору андешаи насли наврас парваридани муҳаббат ба фарҳанги миллӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки дар замони худ устод Рӯдакӣ арҷ мегузоштаанд. Ба мероси гаронбаҳои ин нобиғаи миллат муроҷиат карда, мо имрӯз ҳам метавонем, ба бисёр суолҳои худ посух биёбем. Осори устод Рӯдакӣ рамзи абадияти фарҳангу адаби миллати тоҷик буда, аз замон то замонҳои дигар низ умри ҷовидона хоҳад дид. Боварии комил дорам, ки ин манзалати фикрӣ ва ин қудрати ақлонии таҷассумёфта дар шеъру андешаҳои пурҳикмати устод Рӯдакӣ имрӯзу фардо тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари ҷаҳони муосир ба самти созандагиву офарандагӣ хоҳад монд.
Бигзор то ҷовидонаҳо каломи ин абармарди нотакрори таърихи миллати тоҷик навозишгари рӯҳу ҷонҳо бимонад.
Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru